БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №5

Имрӯз, 25 ноябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло дар деҳаи Солмолидашти ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бо ба истифода додани бинои иловагии муассисаи мазкур хонандагон бо шароити мусоиди таълимӣ фаро гирифта шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Корҳои лоиҳакашии иншоотро ташкилоти лоиҳакашии «Инжиниринг Консултантсенд Ассосиатес Лимитед» бо маблағи 4,2 миллион сомонӣ анҷом дода, корҳои пудратиро бошад, мутахассисони ҶДММ «Элит-Строй-Сервис» амалӣ намудаанд.
Масоҳати умумии замини иншоот 10000 метри квадратӣ ва масоҳати зери сохтмон бошад 350 метри квадратиро ташкил медиҳад.

Бино аз дуошёна буда, аз 8 синфхона, утоқи директор ва хонаи омӯзгорон иборат мебошад ва барои 480 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст. Дар рафти ҷараёни корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Зимни шиносоӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд.

Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар карда мешавад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles