22 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани вилоятӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Ҷамъомади мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир гардида, дар он роҳбарияти вилоят, кормандони ташкилоту муассисаҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, ҷамъан беш аз 20 ҳазор нафар фаъолона иштирок карда, эҳтироми Парчами давлатиро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.
Роҳпаймоии идона дар фазои идона, бо шиору парчамҳо дар дасти иштирокчиён доир гардида, онҳо бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбодӣ мегуфтанд.
Пас аз роҳпаймоии идона дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода иштирокдорон ва сокинони вилоятро аз номи раиси вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо ёдоварӣ аз таърихи қабули Парчами давлатӣ қайд намуд, ки пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷикон дошта, достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунёст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон доир ба арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ ва рангҳои ҳикматбори дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.
Раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад, – идома дод муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода – Мо шоҳиди он будем, ки дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузории парчами миллӣ бо як эҳсосоти фарогир сурат гирифт. Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштаги оварда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буд.
Ҳамоиши тантанавӣ бо дастагули суруду таронаҳо ва композитсияи адабии аҳли ҳунари вилоят, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғановатманд ва сарзамини маҳбуб буд, идома ёфт.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон