Имрӯз, 15 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳури барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони ситоди шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, шаҳру ноҳиявӣ, сардорони шуъбаҳои тақсимоти барқи минтақаи Бохтару Кӯлоб, шуъбаҳои фурӯши барқ, сардорони идораҳои роҳ, раёсатҳои маориф ва тандурустии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода зикр намуд, ки бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Дар идома гузориши муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода оид ба натиҷаҳои мониторинги гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ шунида шуд.
Муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода зимни ироаи гузориши худ гуфт, ки бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон бо назардошти нигоҳдории онҳо дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияташон маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи лозимӣ мавҷуд аст.
Иброз гардид, ки бо мақсади сарфаи энергияи барқ муассисаҳои таълимии вилоят бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин буда, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф таъмин карда шудаанд. Масъалаи истифодаи мақсадноку самараноки неруи барқ таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор, роҳбарону муассисаҳои таълимӣ ва ситод қарор дорад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа аз ҷониби муовини сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захираи маводи зарурӣ ва сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахши давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон