КОНФЕРЕНСИЯИ XV ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Имрӯз, 28 октябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, узви Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 690 нафар вакили Конференсия аз ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Ҳамзамон, дар кори Конференсия фаъолон, собиқадорон, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва васоити ахбори омма низ иштирок доштанд.

Рӯзномаи Конференсияи мазкур аз 7 масъала: ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ ( аз январи ссоли 2023 то сентябри соли 2024), ҳисоботи Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ», интихоби вакилон ба Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.

Конференсияи XV ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз моҳи январи соли 2023 то моҳи сентябри соли 2024) баромад намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки Конференсияи имрӯза аз чорабиниҳои муҳимми ташкилии ҳизбӣ маҳсуб ёфта, самараи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва нишондиҳандаҳои давраи ҳисоботии аъзои ҳизбро инъикос менамояд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияташро дар давраи ҳисоботӣ, яъне аз моҳи январи соли 2023 то моҳи сентябри соли 2024 дар асоси дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи ҳизб, қарорҳои Анҷуманҳои XIII ва XIV-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба роҳ монда, ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30 – солагии таъсисёбии ҲХДТ ва ҷиҳати ҷалби васеи аъзои ҳизб ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, инчунин дар доираи чорабиниҳо ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои милливу маъракаҳои муҳимми сиёсии мамлакат тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар идомаи суханронии хеш Саидзода Ҷамшед Ҳамро, дар баробари дастовардҳо, инчунин оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва ҳамзамон нисбати роҳҳои бартарафсозии камбудиҳо ва вазифаҳои минбаъдаи ташкилотҳои ҳизбӣ дар вилояти Хатлон гуфта гузашт.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Конференсия Иззатуллозода Ҳабибулло Иззатулло, раиси Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба фаъолияти молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориш дод. Дар ҳисоботи раиси Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҳизбӣ, даромад ва хароҷоти маблағҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар давраи ҳисоботӣ ва роҳу усули дарёфти сарчашмаҳои баланд бардоштани даромади молиявии ҳизб низ зикр гардид.

Сипас, аз рӯи масъалаи якум ва дуюми рӯзномаи Конференсия музокирачиён Азиззода Зубайдулло, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино”-и шаҳри Кӯлоб, Ҷабборова Нигина, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Нурофарон”-и Неругоҳи барқи обии Норак, Қосимова Шарифмоҳ, собиқадори ҳизб, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Коррез”-и ноҳияи Данғара, Қаюмов Файзалӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Кӯшониён, Шодибеки Идӣ, вакил аз ташкилоти ибтидоии “Маркази ҷавонон”- и ноҳияи Восеъ баромад намуда, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки дар идомаи кори Конференсия узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки боиси фараҳмандист, ки мову шумо дар арафаи ҷашни мубораки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Ҳамчунин, дар пеш моро санаи дигари муҳимму таърихӣ 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ интизор аст. Бинобар ин ҳамаи шумоёнро вакилони муҳтарам ва аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ бурдбориҳо таманно дорам.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ дар кишвар нақш ва мавқеи хоса дорад, бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, роҳнамоии шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат бояд пайваста талош варзад. Зеро мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг мебошад ва ҳизби мо бояд дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи зеҳнии халқ такя намояд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи суханронии худ оид ба вазифаҳои дарпешистодаи ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус дар давраи баргузории интихоботи вакилони ҳамаи сатҳҳо дар соли 2025 ва ба таври густурда ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни мардум ибрози назар намуд.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни баромади хеш қайд кард, ки чанде пеш мову шумо 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем ва шоҳиди бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат гардидем, ки ҳамаи он дастовардҳо аз шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд. Мо боварӣ дорем, ки таҳти роҳбарии ин Сарвари оқилу хирадманд боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем гашт. Дар идомаи суханронияш Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ, қабули сифатноки аъзои ҳизб, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявӣ ва ташкилу баргузории аксияҳои ҳизбӣ миёни сокинон изҳори назар намуд. Дар охир ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро қаноатбахш ҳисобид.

Бояд зикр намуд, ки аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ мақоми доимоамалкунандаи Кумитаи иҷроияи ҳизб маҳсуб ёфта, пешрафти кори ҳизб дар вилоят аз ҳар як аъзои он вобастагии зич дорад.

Тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва банди 17-и Низомнома “Дар бораи интихоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар конференсия аз ҷониби вакилон интихоб карда мешавад.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия аъзои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб гардиданд. Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи чорум аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иборат аз 7 нафар низ интихоб карда шуданд.

Масъалаи панҷуми рӯзнома оид ба интихоби сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Ҳамрози халқ» буд, ки гуфта шуд дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Икромзода Зебо Икром ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи «Ҳамрози халқ» пешниҳод карда мешавад. Мавсуф аз нав ба ин вазифа интихоб гардид.

Аз рӯи масъалаи шашуми рӯзномаи Конференсия 659 нафар вакил ба Анҷумани XV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб ва пешбарӣ гардиданд.

Қобили қайд аст, ки пас аз анҷоми кори Конференсия Маҷлиси якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оғоз гардид, ки он аз се масъала, интихоби аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Хатлон ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иборат буд.

Аз рӯи масъалаи якум аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иборат аз 21 нафар интихоб гардиданд. Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Маҷлис Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини якуми Раиси ҲХДТ ироа кард, ки дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Саидзода Ҷамшед Ҳамро барои интихоб гардидан, ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешниҳод шудааст, мавсуф аз нав ба ин вазифа интихоб гардид.

Дар охир як қатор фаъолони ҳизбӣ, ки дар давраи ҳисоботӣ аз худ фаъолияти назаррас нишон доданд, бо сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлонф

Related Articles