Имрӯз, 25 октябр, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндагони ширкати “Behron”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дидору гуфтушунид намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии “Тоҷикистон-2024” байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Ширкати “BEHRON”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул аст, созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Ширка “BEHRON” тақрибан 35 сол мешавад, ки ба истеҳсоли лифт ва эскалатор машғул мебошад, ки 75% дарсади бозори Эронро таъмин менамояд ва ҳамчунин ширкат бо кишварҳои Арманистон, Русия, Туркия, Уммон, Ироқ ва Сурия низ маҳсулотҳояшонро содирот менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон