Имрӯз, 24 октябр, дар шаҳри Бохтар муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода бо ходими масъули бахши кишоварзии намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ибрагим Хазем мулоқот доир намуд.
Зимни баромади худ Музаффар Мирзозода доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, дастгирии соҳибкорӣ дар ин самт ибрози назар карда, таъкид бар он дошт, ки 46 дарсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзи аз ҳисоби хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон таъмин карда мешавад.
– Дар маҷмуъ, солҳои 2022-2023 ва нуҳ моҳи соли 2024 дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ”-и Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба хоҷагиҳои туҳмипарварии вилоят ва хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир 690,5 тонна гандуми тухмӣ, 177,1 тонна чигити тухмӣ ва 56 тонна картошкаи тухмӣ дастрас карда шудааст. Инчунин, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир 20 трактори хурд бо 9 таҷҳизот, 20 шолишинонак ва 276 мотоблок ҷудо гардидааст, – гуфт Музаффар Мирзозода
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар самти таъмини нуриҳои минералӣ ва тухмии гандум, инчунин тақвият додани устувории соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон табодули назар карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон