ДАВЛАТАЛӢ САИД: “АЛОҚАМАНДИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО ХУРОСОНИ РАЗАВӢ ҲАСТЕМ”

Барои тавсеаи ҳамкорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни вилоятҳои Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон таъсиси корхонаҳои муштарак ва табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ зарур мебошад.

Ин нуқта дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо муовини иқтисодии раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳасан Нуризода ва сафири Ҷумҳурии исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён, ки дар доираи Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест” дар шаҳри Бохтар доир гардид, такид шуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу сармоягузорӣ ибрози назар намуда, ба масъалаи тақвияти бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни вилояти Хатлон ва устони Хуросони Разавӣ диққати махсус зоҳир карданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз сафари ҳайати вилояти Хатлон ба устони Хуросони Разавӣ дар моҳи майи соли гузашта, равобити байни фаъолони иқтисодии ҳар ду минтақаро бисёр наздик арзёбӣ кард.

– Вилояти Хуросони Разавӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо вилояти Хатлони алоқаманд аст, – қайд намуд Ҳасани Нуризода. – Утоқи бозаргонии Хуросони Разавӣ ҳамафзоии равобит бо кишвари бародар ва дӯсти Тоҷикистонро, ки натиҷаи он беҳбуди равобити ду миллат буд, ҳадафгузорӣ кардааст.

Дар мулоқот вобаста ба гардиши молу коло зикр шуд, ки аз Эрон асосан молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла кафел, ширеш, дару тиреза, халта ва таҷҳизоти гуногун ба Тоҷикистон ворид гардида, аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содирот карда мешавад.

– Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд, – гуфт раиси вилоят Давлаталӣ Саид. – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон, хосатан вилояти Хуросони Разавӣ, сафарбар менамояд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба ояндаи неки робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Хатлон ва Хуросони Разавӣ ба манфиати мардуми шарифи ду кишвар изҳори хушбинӣ намуда, ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, дорусозӣ, тақвияти равобити фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайру саёҳат ҳавасмандӣ нишон доданд.
Дар рафти мулоқот инчунин дар атрофи масоили дигари ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles