ВИЛОЯТҲОИ ХАТЛОН ВА ГОМЕЛ БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ИМКОНИЯТИ ЗИЁД ДОРАНД


17 октябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус Иван Крупко, сафири фавқулода ва мухтори Беларус Виктор Денисенко ва ҳамроҳони онҳо дидору мулоқот анҷом дод.

Раиси вилоят ташрифи ҳайати Беларусро ба Форуми байналмилалии сармоягузорӣ-содиротиии “Хатлон Инвест” хайрамақдам гуфта, онро барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳамкории мутақобили судманд имконияти мусоид фароҳам оварда, дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя дар бунёди иқтидори истеҳсолӣ, рушди содироти маҳсулоти хушсифати экологӣ ва барвақтии тару тозаи табиӣ саҳм мегузорад.

– Мо бо вилояти Гомели Беларус муносибатҳои эътимодноки тиҷоратию иқтисодиро ба роҳ монда, алоқаманди густариши ин равобит ҳастем, – қайд намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Дар ин мулоқот бобати ҳамкориҳо оид ба бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он баёни андеша шуд. Зикр гардид, ки вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ мавқеи устувор дорад ва дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон ба хориҷи кишвар садҳо тонна маҳсулот содирот мешавад.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарони ду давлат нақши хосса доранд. Аз ин ҷост, ки то имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Роҳбари вилояти Гомел Иван Крупко ба навбати худ зикр намуд, ки Беларус ва Тоҷикистон барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳои муассир имкониятҳои зиёд доранд, ки онҳоро минбаъд низ бояд дар якҷоягӣ тақвият бахшид.

Дар идомаи ин вохӯрӣ роҳбарияти вилояти Хатлон бо намояндагони вилояти Гомели Ҷумҳурии Беларус якчанд санади ҳамкорӣ имзо намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles