САРМОЯГУЗОРОНИ ТУРКИЯ ВА ЭРОН БАРОИ ТАЪСИСИ КОРХОНАИ САНОАТӢ ШАРТНОМА ИМЗО ХОҲАНД КАРД

Ҷиҳати ҷалби сармоя, рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии вилоят бо сармоягузорони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори истеҳсолию содиротии вилоят рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Наҳтуллозода Давлатмурод бо сармоягузорони турк ва эронӣ аз ноҳияи Балҷувон ва Ховалинг боздид намуданд.

Меҳмонон бо раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин мулоқот намуда, оид ба иқтидори истеҳсолии ноҳияҳо шинос шуданд.

Дар назар аст, ки фардо дар Форуми байналмилалии “Хатлон Инвест – 2024” бо ноҳияи Ховалинг 3 адад ва ноҳияи Балҷувон 1 адад шартномаҳои ҳамкорӣ бобати харид ва коркарди мева, таъсиси корхонаи моеъи дастшӯиву ҷомашӯӣ, коркарди пашм ба имзо расонида шавад.

Инчунин, вобаста ба масоили мазкур имрӯз, 16 октябр меҳмонон бо муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар мулоқот анҷом доданд.

Ҳадафҳои асосии Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти вилоят, ҳамгироии он ба системаи иқтисодии ҷаҳонӣ, ташаккули сохтори муосири муносибатҳои бозорӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти тиҷоратӣ, вусъат додани алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ бо мамлакатҳои дигар мебошад.

Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар оянда низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат, муаррифии молу маҳсулотҳои истеҳсоли ватанӣ, дар намоишгоҳҳои байналмилалии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода хоҳад бурд.

Хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон

Related Articles