Имрӯз, 10 октябр, дар шаҳри Душанбе раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Травников Андрей дидору гуфтушунид кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва вилояти Новосибирск табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисодии дуҷониба ҳавасманд мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Губернатори вилояти Новосибирски Федератсияи Россия Травников Андрейро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2024» ва “Бохтар Фуд”, ки рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, даъват намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон