Ҳамдиёрони азиз!
Забон мояи ифтихор ва далели баҳснопазири куҳанбунёд будани ҳар як миллат, ба ҳисоб рафта, яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб мегардад.
Таҷлили гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамасола санаи 5 октябр таҷлил карда шуда, бузургдошти он аз дастовардҳои бузурги миллии халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ба сокинони шарафманди вилояти Хатлон самимона табрик менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи хуб нигоҳ медорад».
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар замони истиқлоли давлатӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шевои тоҷикӣ гардидаанд. Дар ин давра забони тоҷикӣ, ки мақоми забони давлатиро гирифт, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои рушд ва таҳкими он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.
Вобаста ба ин, забон ва Истиқлоли ватани мо ба ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, маҳз Истиқлоли давлатӣ боиси таъмини истиқлолу шукуфоии забони мо гардидааст.
Забон неъмати бебаҳо, рамзи давлатдорӣ, унсури муҳими бақои миллат, падидаи фарҳанги миллӣ ва як бахши нигорандаи таърихи халқи мо мебошад. Осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит намуданд, ки дар тӯли таърихи мавҷудияти халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯйи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем, чунки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихору хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард.
Интишори китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз инъикос намудааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба тақдири забони давлатӣ таваҷҷуҳи хос дошта, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд.
Вобаста ба ин, бузургтарин вазифаи ҳар як фарди худогоҳи кишвар нигаҳдориву арҷгузорӣ ба ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда поку беолоиш расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад. Бинобар ин, мо бояд дар ёд дошта бошем, ки сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ забони модарӣ аст ва маҳз забони миллӣ тафаккури миллиро ташаккул медиҳад. Яъне забони модарӣ барои миллати тоҷик асоси ҳуввияту худшиносии миллиамон мебошад.
Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки нисбат ба нигаҳдошт ва рушду такомули забону мероси фарҳангии худ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои бо тамоми назокату фасоҳат ба ояндагон ба мерос гузоштани он саҳмгузор бошем. Ҳамзамон бо ин, забондонии хешро пайваста сайқал дода, онро чун гавҳараки чашм пос дорем, забони тавоно ва шеворо дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем, онро барои наслҳои оянда бо ҳама зебоиву тавоноиаш ба мерос гузорем.
Зарур аст, ки донистани забони миллиро мо бояд далели эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангии хеш дониста, дар баробари Модар ва Ватан яке аз муқаддасоти олӣ эътироф намоем ва ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо парвариш намоем.
Аминам, ки бо чунин муносибат мо метавонем дар ҷодаи тарбияи наслҳои ояндасози халқамон дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, истиқлол, забони миллӣ ва дигар муқаддасоти миллат муваффақ шавем.
Ба кулли соҳибзабонон дар ҳимоя ва рушди забони миллӣ азми қавӣ, иродаи устувор орзу менамоям.
Рӯзи забони давлатӣ муборак!