НОСИРИ ХУСРАВ: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №3

Имрӯз, 1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Муродтеппаи ноҳияи Носири Хусрав бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 320 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Иншооти мазкур бо саҳми падару модар, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудааст.

Фармоишгар ва пудратчӣ соҳибикорни маҳал буда, бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона сохта ба истифода дода шудааст.

Ифтитоҳи муассисаи таълимии мазкур туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наврасон ба ҳисоб рафта, аз рушди тадриҷии соҳаи маориф дар вилоят башорат медиҳад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба кормандону масъулини соҳа дастур доданд, ки назорати сифати таълимро дар муассисаи нав ҷиддӣ ба роҳ монда, наврасони босаводу соҳибмалакаро ба воя расонанд.

Дар идомаи суханронӣ оид ба вазъи соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, раванди босуръати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, дастгирии толибилмону ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои баландихтисос изҳори андеша карданд.

Бояд зикр намуд, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles