Имрӯз, 1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав бинои хизматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, 12 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрадорро дар бар мегирад.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ пас аз ифтитоҳи иншоот Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба оилаҳои хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим намуда, онҳо ба хизмати софдилона барои миллату давлат даъват намуданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кору зиндагии шоистаи хизматчиёни давлатӣ шароити муосир муҳайё карда шудааст ва ин иқдомҳои шоиста минбаъд низ амалӣ мегарданд.
Барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ тибқи маълумотҳои оморӣ дар вилоят 2762 адад биною иншоотҳо ба маблағи умумии 2 млрд. 58 млн. 92,7 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон