ШАҲРИТУС: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ЧОРМАҒЗИ ЗАМИНӢ


Имрӯз, 1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Холматови ноҳияи Шаҳритус аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Бабан бобо” дар масоҳати 1,25 гектар чормағзи заминии навъи “Маҳаллӣ” кишт карда, айни ҳод ба ҷамъоварии ҳосил машғул мебошад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ бо ҷамъоварии ҳосил ва намоиши маъсулоти кишоварзӣ ба кори деҳқонон баҳои баланд дода, саҳми онҳоро дар таъмини амнияти озуқаворӣ хуб арзёби намуданд.

Сарвазири бо хоҷагидор суҳбати самимӣ ороста, ба меҳнати садоқатмандонаи онҳо дар самти кишту парвариш ва истеҳоли маҳсулоти тозаи табиӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки дар шароити кунунӣ истифодаи босамари замин, гирифтани зиёда аз ду ҳосил аз он, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ ва таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ аз ҳоҷагидорон масъулияти аз ҳарвақта дида бештарро тақозо менамоянд.

Сарвазири мамлакат зимни мулоқот бо сокинон қайд намуданд, ки имрӯз зарурати истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта ба миён омадааст. Ҳар як оила бояд ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда ҷидду ҷаҳд намояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles