ҚУБОДИЁН: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ПӮХТА ВА РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР МАСОФАИ 3,5 КИЛОМЕТР

Имрӯз, 1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Қабла”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта ҳусни оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта дар як шабонарӯз то 40-50 ҳазор дона қудрати истеҳсолӣ дошта, дар майдони 30 сотих сохта шудааст.

Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар корхонаи навбунёд 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Тибқи иттилоъ таҷҳизоти корхона аз хориҷи кишвар бо маблағи 500000 сомонӣ харидорӣ ва васлу насб карда шуда, фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ “Ҷамшеди Ора” мебошад.

Баъди ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хишти пӯхта ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба иқдоми соҳибкори ватандӯст ҷиҳати пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳои арзанда дода, он касро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят карданд.

Бояд зикр намуд, ки давоми шаш моҳи соли 2024 аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 343 ҷойҳои корӣ ба истифода дода шудааст.

Инчунин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 29,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шудааст, ки аз он 4247 ададаш доимӣ, 14,1 ҳазор мавсимӣ ва 10,9 ҳазор муваққатиро ташкил медиҳанд.

Инчунин, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳаи “Бошқалъа”-и ҷамоати ҷамоати мазкур роҳи аҳамияти маҳалидоштата ба масофаи 3,5 километ оғози расмӣ бахшиданд.

Роҳи мазкур бо ташаббуси соҳибкорону шахсони алоҳида сохта шуда, мушкили чандинсолаи сокинонро бартараф хоҳад кард.

Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мумфаршкунии зиёда аз 100 километр роҳҳо аз ҷониби соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles