ӮЗБЕКИСТОН: БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПӮСТ ВА ҲОСИЛИ ПАХТА


Имрӯз, 26 сентябр, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар идомаи сафари корӣ бо ҳамроҳии раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов аз ноҳияи Ангор дидан кард.

Меҳмонон нахуст бо фаъолияти корхонаи коркарди пӯсти ҶДММ «Бренди Top Quality» шинос шуданд. Ҷараёни истеҳсолот ва маҳсулоти тайёр аз назар гузаронда шуд.

Баъд аз ин, дар маҳаллаи Баҳори ноҳия бо таҷрибаи парвариши меваю сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокинон шинос шуданд. Меҳмонон ба таҷрибаи сокиноне, ки аз замин пурмаҳсул истифода мебаранд, баҳои баланд доданд.

Аъзоёни ҳайати вилояти Хатлон дар охири сафар ба ноҳия бо таҷрибаи парвариши пахта ва намоиши тухмии пахта шинос шуданд. Раиси вилоят ва фаъолони ноҳия суҳбат намуданд.

Давлаталӣ Саид бо эътирофи дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳоди густариши ҳамкориҳо ва табодули мунтазами таҷрибаро карданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles