Имрӯз, 26 сентябр ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо фаъолияти гармхонаҳои ҶДММ «Намуна Элегант Агро» воқеъ дар ноҳияи Тирмиз шинос шуд. Дар ин ҷо намоишгоҳи меваю сабзавоти дар ноҳия руёндашуда низ ташкил карда шуд.
Инчунин, дар вилоят соҳибкорони ба фаъолияти гармхонаҳо машғул буда, дар соҳаҳои гулпарварӣ, ниҳолпарварӣ ва сабзавоткорӣ фаъолияти худро муаррифӣ намуданд.
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби соҳибкорони ду минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон