ӮЗБЕКИСТОН: ГУФТУШУНИД ОИД БА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ МУТАҚОБИЛА


Имрӯз, 26 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов зимни сафари корӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои ҳамкории мутақобиларо дар марҳалаи нав баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, дар рафти гуфтушунид масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоию фарҳангии вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, рушди муносибатҳои ду вилоят дар марҳалаи нав баррасӣ шуданд. Роҳбарон изҳор доштанд, ки ба роҳандозии ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва гуногунҷанбаи байниминтақавӣ манфиатдор мебошанд.

Дар бораи таҳияи лоиҳаи Созишнома дар бораи роҳандозии ҳамкорӣ байни минтақаҳо ва харитаҳои роҳ барои татбиқи он мувофиқа карда шуд.

– Мо чунин мешуморем, ки ҳам дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ҳам дар соҳаи сармоягузорӣ иқтидори бузурги истифоданашуда мавҷуд аст ва моро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи пурраи ин иқтидор ва ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории худ чораҳои зарурӣ андешем, – афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.

Раиси вилояти Хатлон раиси вилояти Сурхондарёро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест», ки рӯзҳои 17-18 октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, даъват намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles