Ҷиҳати иҷрои амри раиси вилояти Хатлон аз 26.06.2024, №15 оид ба “Ҳаракати пахта аз чиниш, коркард ва содироти он” гурӯҳи корӣ аз корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияҳои Ёвон, Дӯстӣ ва Хуросон дидан намуданд.
Дар рафти аз назар гузаронидани қабули пахта ва коркарди он маълум гардид, ки дар корхонаҳои коркарди пахта фаъолияти онҳо аз рӯйи технология ва бехатарии оташнишонӣ ба роҳ монда шудааст.
Қабули пахтаи хом дар хоҷагиҳои деҳқонӣ барои як кило ба нархи аз 6,50 сомонӣ то 7,20 сомонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар рафти санҷиш ба роҳбарони корхонҳо оид ба риояи технология, коркарду нигоҳдории ашёи хом ва коркардшуда тавсияҳои муфид дода шуд.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи чиниши пахта бо маром идома дошта, ба ҳолати 23 сентябри соли равон 39 ҳазору 110 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳосилнокӣ ба сари ҳар як гектар ба андозаи 23,9 сентнерӣ рост омада, хоҷагиҳои пахтакори вилоят азм доранд аз ин рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода бурда, то кӯракӣ охирин ин дурри гаронбаҳои саноатиро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон