ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №15 ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА


19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифов бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти соҳаи маориф дар асоси дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати кишвар дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорон бо тарҳи муосир бунёд карда шудааст.

Муассиса дорои 36 синфхонаи муҷаҳҳаз бо аёниятҳои хониш, китобхона, толори баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо 198 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон буда, барои 2160 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои муосири мактаби №15 барои дар шароити замонавӣ ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳаи Булёни болои деҳоти ба номи Исмат Шарифови ноҳияи Данғара заминаи мусоид фароҳам омадааст.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

Синфхонаҳои химия, биология, физика, география, математика ва асосҳои кор бо компютер дар ин таълимгоҳ бо муҳимтарин технология ва дигар воситаҳои муосир муҷаҳҳаз карда шудааст, ки ин тадбир барои ҷалби насли наврас ба илмҳои дақиқ нақши муассир мегузорад.

Таъсис ва ҷиҳозонидани синфхонаҳои таълими меҳнат бо муҳимтарин дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ имкон медиҳад, ки хонандагон дар баробари омӯзиши илмҳои замони муосир, ҳамчунин аз нозукиҳои ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат бархӯрдор гарданд.

Дар ин синфхонаҳо ҳайати омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамшуда коркарди чӯбу оҳан ва дигар ҳунарҳо, аз ҷумла нақшу нигор ва гулдӯзиро ба шогирдон омӯзиш медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хуби таълиму тадрис дар иншооти нави соҳаи маориф ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ дар самти бунёди ин иншоот баҳои баланд дода, чунин ташаббусҳоро дар самти таҳкиму тақвияти заминаи моддӣ – техникии маорифи навини миллӣ муассир арзёбӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф давоми бештар аз се даҳсолаи охир дар марказ ва ҷамоату деҳоти ноҳияи Данғара 77 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 11 иншооот бо саҳму иқдоми соҳибкорону шахсони ватандӯст бунёду мавриди истифода қарор гирифтааст.

Тибқи маълумот имрӯз дар 88 муассисаи таълимии ноҳияи Данғара наздики 52 ҳазор хонанда дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

https://president.tj/event/news/47658

Related Articles