Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Алиҷони ҷамоати деҳоти Пушинг бинои маркази фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ширкат намуданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои дар оянда ба оммавигардонии таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа додан ва ба солимии аҳли ҷомеа овардани шароити боз ҳам беҳтар мавриди истифода қарор гирифт.
Маркази фароғатӣ саҳну атрофи кушоду барҳаво дошта, фаввораву нишастгоҳҳо, арғунчакҳо барои бозии кӯдакон сохта шуда, сокинони деҳаи Алиҷон ҳар шомгоҳ имконияти сайёҳату фароғатро дар чунин мавзеи зебоманзар пайдо намуданд.
Дар шафати Маркази фароғатӣ ва майдончан бозии кӯдакон бинои дуошёнаи хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид. Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият пардохт. Дар ин коргоҳ 20 нафар бонувони хонанишин ба кор таъмин гашта, фаъолияти онҳо ба дӯхти либоси низомӣ равона гардидааст. Дар ошёнаи якуми бино китобхонаи муосир таъсис шуда, 6300 нусха адабиёти гуногун гузошта шудааст. Дар толори алоҳидаи хониш шароити зарурӣ мавчуд буда, сокинон ба мутолиаи китоб машғул мешаванд.
Майдончаи бозии кӯдакон бо беҳтарин шароит сохта шуда, барои солимии ҷавонон заминаи хубе фароҳам оварда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо ҷавонону наврасони маҳал зикр намуданд, ки ба машғулиятҳои варзишӣ дар вақтҳои холигӣ машғул шудан яке аз роҳҳои муфиди пешгирӣ аз гаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва ақидаҳои итиҷоӣ мебошад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд доданд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, раиси вилоят аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.
Баъди шиносоии пурра бо Маркази фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба иқдоми соҳибкор барои дастгирии ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, онро намунаи олии ватандӯстӣ номиданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон