ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ


Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Сафобахш роҳи автомобилгарди мумфаршшударо мавриди истифода қарор доданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мазкур дар муддати кутоҳ ва мувофиқ ба талаботи замони муосир навсозӣ шуд. Таъмиру навсозии роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сафобахш боиси хушҳолии сокинон гардид.

Дар маросими ифтитоҳи роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ иттилоъ доданд, ки дарозии он 4 километрро дар бар мегирад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин масир соли равон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби аҳолӣ оғоз гардида буд. Қаблан аз таъмирталаб будани роҳ сокинони ин деҳа азият мекашиданд. Бунёди роҳ имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатари нақлиёт ва рафтуои сокинон хубтар гардад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бунёди роҳи мазкурро аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ шоистаи таҳсин хонда, амалӣ намудани иқдомҳои созандагиро нишонаи баланди муҳаббату садоқати сокинон ба ватан номиданд.

Дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Данғара бунёду навсозии боз даҳҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин тадбир ба беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони ноҳия боис шуда, мушкилоти рафтуомади мардум, махсусан ронандагонро бартараф хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мумфаршкунии зиёда аз 100 километр роҳҳо аз ҷониби соҳибкорон ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles