ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ


Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Оламафрӯзи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки аз деҳаи Оламафрӯз то маркази ҷамоат 28 км ва то маркази ноҳия 40 км буда, аҳолиаш зиёда аз 2000 нафар мебошад ва мушкили норасоии муассисаи таълимӣ ба назар мерасид.

Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ҳадафи бунёди муассисаи нави таълимӣ беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар руҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2021 оғоз гардида, он дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо ҷалби мутахассисони ҶДММ “Сохтмон Ваҳдат” бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Таъкид шуд, ки волидайн ва омӯзгорон ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас эътибори ҷиддӣ дода, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё намуда, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles