Тибқи лоиҳа бинои театр аз 4 толори калон ва толору ҳуҷраҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд, ки дар умум дорои 1 ҳазору 700 ҷойи нишаст бояд шаванд.
Толори асосӣ дар ошёнаи якуми бино ҷойгир шуда, бо 1 ҳазору 100 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи дуюм ду ва дар ошёнаи сеюм бошад, як толори дигари намоишӣ сохта хоҳад шуд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои театр ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки баландии толори асосӣ 18 метр шуда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, ҳуҷраҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони риштаи овозхонӣ, коргардонӣ ва навозандагӣ дар ошёнаи сеюми бино 11 синфхонаи таълимӣ таъсис дода мешавад.
Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ, толори мусиқӣ ва дигар ҳуҷраҳо ба нақша гирифта шудааст.
Дар таҳхонаи бинои театр осорхонаи санъат, коргоҳи дӯзандагӣ, амбори нигоҳдории либос ва созҳои мусиқӣ, нуқтаи либосивазкунӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ сохта хоҳад шуд.
Дар рафти сохтмони бинои театр беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.
Дар асоси лоиҳа саҳни бинои театр сабзу хуррам гардонида шуда, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ва фаввораҳо бунёд мегардад.
Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавии ноҳияи Данғара бо услуби хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба ҳама талаботи муосири театрсозии ҷаҳонӣ мутобиқ хоҳад буд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бинои нави театр шинос гардида, ба бинокорону дигар масъулон барои дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ ва ба аҳли фарҳанги ноҳия фароҳам овардани шароити созгори кору эҷод супоришҳои мушаххас доданд.