ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ СОХТМОНИ БИНОИ МАРКАЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмони бинои Маркази ҷавонон дар ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

Барои сохтмони бинои 7 ошёнаи марказ бо таҳхона, дар маркази ноҳия 18 садяк замин ҷудо гардидааст.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои нав толори маҷлисӣ бо 200 ҷойи нишаст, ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории Маркази ҷавонон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, иттифоқи ҷавонон ва як толори хурд барои суҳбату вохуриҳо сохта мешавад.

Дар умум шумораи ҳуҷраҳои кории бинои сохташаванда 20 ададро ташкил менамояд, ки оянда дар онҳо шароити муосири корӣ фароҳам хоҳад омад.

Марказҳои омӯзишиву тайёрии касбӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, гӯшаи варзишӣ дар ошёнаҳои аз 3 то 5 ва меҳмонхона бошад, дар ошёнаҳои 6-7 ҷой дода мешавад. 

Иншооти мазкур дар доираи таваҷҷӯҳу дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон сохта шуда, дар он ба маҳфилҳои «Пайравони Пешвои миллат», «Эҷодкорони ҷавон» ва ризокорон низ ҷой дода мешавад. 

Қобили тазаккур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо таваҷҷуҳу дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон биноҳои марказҳои ҷавонон аз нав сохта шуда, бо шароити замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. 

Иншооти соҳаи ҷавонон ва варзиш то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳад шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Маркази ҷавонон дар ноҳияи Данғара ба масъулон ва бинокорон барои бо сифат анҷом додани ҳама корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.  

Related Articles