ФАРХОР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАНЗИЛҲОИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ СОКИНОНИ АЗ ОФАТИ ТАБИӢ ЗАРАРДИДА


Имрӯз, 14 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор аз рафти бартарафсозии офати табиӣ ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки раванди бунёди манзили зист барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида таҳти таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар муҳлатҳои кутоҳтарин хонаҳои нав мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Гуфта шуд, ки дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Аз лаҳзаҳои аввали сар задани ин офати табиӣ раванди бартарафкунии оқибати он ва таъмини шаҳрвандон бо хонаҳои нав таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Бо ин мақсад кумакҳои Президенти мамлакат иборат аз масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили семент, чӯбу тахта, арматура, хишти пухта, қуму шағал ва маводи хӯрока дастрас гардида, сохтмони хонаҳои истиқоматӣ босуръат ҷараён дорад ва дар муҳлатҳои кутоҳтарин мавриди истифода қарор дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, айни замон 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Сохтмон дар ду баст ҷараён дошта, кӯчаҳои маҳаллаи навбунёд сангфарш гардидаанд.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хатти барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор якчанд манзили истиқоматӣ зарар дида буданд.

Раиси вилоят супориш доданд, ки бояд хонаҳо дар муҳлати муқарраргардида босифат сохта шуда, ба зарардидагон супорида шаванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles