ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!

Истиқлол дастоварди арзишманди таърихӣ, саодати ҷовидона, тантанаи бошукӯҳу муассир ва нишонаи пойдории миллат аст.

Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.

Маҳз сиёсати бобарор ва натиҷаҳои устувори мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 33-соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.

Кишвари мо дар солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи фаъол гардидани гуруҳҳои бадхоҳу ғаразноки дохиливу хориҷӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллат ба мавҷудият табдил ёфта буд.

Вале мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон ба хотири ҳимояи Истиқлоли давлати ҷавони худ бо саъю талоши ватандӯстонаву фидокорона ин имтиҳони сахту сангини таърихро паси сар намуданд.

Дар як муддати кӯтоҳ, вале пур аз руйдоду воқеаҳои сарнавиштсози таърихии давлатдорӣ бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо натанҳо мушкилоти зиёди баъдиҷангиро бартараф карда, сулҳу суботро дар мамлакат барқарор сохтем, балки барои пешрафти бомароми кишвар асоси мустаҳкаму боэътимод гузоштем. Имрӯз рисолати мо соҳибватанон ҳамин аст, ки ин дастовардҳоро бо ивази ҷони худ ҳифз намуда, барои боз ҳам ободу зебо намудани ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкорию созандагӣ ва дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоиро бо навгониҳои тоза ба роҳ монда, самаранокии идораи давлатиро таъмин созем. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузург бархурдор аст.

Ҳамдиёрони азиз!
Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, иштирок дар ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва суҳбату мулоқоти судманду раҳнамосозашон бо мардум мову шуморо бори дигар дар амалӣ намудани ташаббусҳои нави ободкорӣ ба масъулияти баланди ободкориву созандагӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ водор менамояд.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд.

Дарки як нуқта муҳим аст, ки тамоми саъю талош, ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар амалӣ гардидааст.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Рукни бисёр муҳими Истиқлоли давлатӣ ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои ҷовидонаи миллат аст. Истиқлоли давлатӣ ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, далели тантанаи адолати таърихӣ, нишонаи сарбаландии халқи тоҷик, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва пойдориву бақои давлат аст”.

Бо мақсади таъмин намудани рушду инкишофи ҷомеа вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа, манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони вилоят мебошад.

Итминони комил дорам, ки насли ҷавон аз ташаббусҳои созанда, рушду пешрафт, ободӣ ва баргузории тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ ибрати баланди ватанпарастӣ гирифта, дарк менамоянд, ки ифтихори ватандории миллати сарбаланди тоҷик бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳазорсолаҳо аз насл ба насл талқин шавад.
Бори дигар кулли мардуми сарбаланди вилоятро ба ифтихори ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, дар амалӣ намудани ташаббусҳои неку шоистаашон барору комёбӣ орзумандам.

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!

Related Articles