Имрӯз, 8 сентябр, дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ифтихори солгарди 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид сокинони вилоят ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати 33-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки дар ин 33 сол бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Ҳар як соли истиқлоли давлатии мо аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем ва қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Зикр гардид, ки мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои бошукӯҳи идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.
Маҳз сиёсати бобарор ва натиҷаҳои устувори мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 33-соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмин намудани рушду инкишофи ҷомеа вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, суботу оромии комили ҷомеа, манфиатҳои миллӣ ва марзу буми кишвар, тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмии кулли сокинони вилоят мебошад.
Сипас, чорабинии фарҳангӣ бо дастагули шеъру сурудҳои ватандӯстона оғоз гардида, табъи мардум болида гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон