КӮЛОБ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТИ ПӮХТА


Рӯзи 4 сентябр, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои сохтмонии корхонаи истеҳсоли хишт шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ “Хосор-С” дар майдони 7,5 га ташкил шуда, маблағи умумии лоиҳа 2 миллион сомонӣ мебошад.

Иқтидори корхона дар як шабонарӯз 50000 дона хишт буда, баъди баистифодадиҳӣ 27 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ 1.09.2024 оғоз гардида, 1.06.2025 корхонаи мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Раиси вилоят ба иқдоми муассис баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар оянда раванди истеҳсолот бояд ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро ин омил ба фаъолияти мунтазами корхона таъсири мусбат расонида, дастрасии ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ин навъи масолеҳ осон мегардонад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles