Имрӯз, 6 сентябр, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, қисман роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии вилоят, раис, муовинон ва роҳбарони муассисаҳои дахлдори шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Дар ҷаласа як масъала – “Омодагӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатӣ дар маркази маъмурии вилоят, шаҳри Бохтар” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуданд, ки шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, симои он аз масъулият, маданият, зебоипарастастии фаъолон ва сокинони шаҳр вобастагии калон дорад.
Раиси вилоят вобаста ба соҳаи коммуналӣ, нақлиёт, корҳои ободонию тозагӣ, вазъи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ дар кӯчаҳо, майдону хиёбонҳои марказии шаҳр суханронӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати бартараф кардани камбудию норасоиҳо дастуру супоришҳо доданд.
Инчунин, раиси вилоят супориш доданд, ки рангу бори намои биноҳои баландошёна, биною иншоотҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ мутобиқ ба талаботҳои сохтмон ва санъати меъмории миллӣ то ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонида шуда, саҳн ва гирду атрофи биноҳо бо шинонидани гулҳои ороишии мутобиқ ба гармӣ ва камобӣ, ободу зебо гардонида шаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон