РАИСИ ВИЛОЯТИ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ АҲЛИ СОҲАИ МАОРИФРО ТАБРИК ГУФТАНД

 

Субҳи имрӯз, 1.09.2024 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҷамъомади тантанавӣ аҳли маорифи вилоятро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрику таҳният намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳамасола дар Рӯзи дониш Пешвои миллат дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво ва вазифагузориҳои мушаххас оғоз намуда, дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро дар рушди давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ менамоянд ва дар робита бо ин таваҷҷуҳи илму мактаб, оила ва ҷомеаро барои гиромидошти илму дониш ва маърифату худшиносии миллӣ ҷалб месозанд.

Рушди соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ин соҳаи муҳим афзалият дода мешавад. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3700 бинои муассисаҳои таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта мавриди истифода қарор дода шуда, ин раванд бомаром ҷараён дорад.

– Мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон, масъулиятшиносии падару модарон, эҳтироми аҳли зиё, сидқан рӯ овардани аҳли ҷомеа бо мактаб эътимод намуда, интизор дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои нақши созандаву мондагор дар тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат бо масъулияти баланди касбӣ саҳмгузор бошанд, – афзуд раиси вилоят.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассосу пешгӯинашаванда, вусъат пайдо кардани радикализми динӣ, терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles