ХАТЛОН: РАИСИ ВИЛОЯТ БА 10 ОИЛАИ НИЁЗМАНД ВА ЯТИМОН КАЛИДИ ХОНА ТӮҲФА НАМУДАНД


Имрӯз, 1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ 10 хонаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум мавриди истифода қарор гирифт.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом расиданд.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки барои бунёни хонаҳо, бунгоҳи тиббӣ ва чойхонаи фароғатӣ дар ин мавзеъ, дар маҷмуъ 1 миллиону 650 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ калидҳои хонаҳои истиқоматиро ба оилаҳои ниёзманд ва ятим супориданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои сазовор дода, аз сокинони хуштолеъ даъват ба амал оварданд, ки фарзандонро тарбияи дуруст намуда, дар рушди ҷомеа саҳми худро гузоранд.

Дар навбати худ нафарони соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гардида, махсусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро боз ҳам рӯҳбаланд намуда, вазифадор месозад, ки барои таъмини шароити созгор ва тарбияи фарзандон саҳми худро гузоранд.

Раиси вилоят таъкид доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати зиндагии мардум ва фароҳам намудани имконияти кору фаъолият ба онҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша чораҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин доира дар саросари мамлакат ҳамасола чунин биноҳои замонавӣ ба истифода дода мешавад, ки ин раванд аллакай мушкилоти зиёди ниёзмандонро бо хонаҳои истиқоматӣ ҳал намудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles