ҶАЙҲУН: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 200 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ

Имрӯз, 2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Зарнисори ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20-ро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 эҳтиёҷ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омода буд.

Соли 2022 бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон (КАСА – 1000) сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 утоқи корӣ бо ҷойи нишасти 200 нафар дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар майдони 0,10 га оғоз гардида буд.

Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 моҳи августи соли 2024 пурра ба охир расида, дар он маблағи 3,3 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.

Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд. Инчунин, Сарвазири мамлакат махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омузгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.

Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles