ПАНҶ: ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРӢ ВА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА МУҲОҶИРАТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ


Имрӯз, 2 сентябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ бинои маъмурӣ ва маркази таълимии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷиратро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои маъмурӣ ва маркази таълимии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ аз тарафи фармоишгар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2024 бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ба итмом расонида шудааст. Корҳои пудратчигӣ аз тарафи ҶДММ “Ғайрат”-и ноҳияи Сангвор анҷом дода шудааст. Масоҳати умумии бино 180 метри мурраббаро ташкил медиҳад.

Бино бо талаботи замони муосир сохта шуда, шароити хуби корӣ барои кормандон муҳайё карда шудааст. Бино аз 3 ошёна ва 15 утоқи корӣ иборат буда, 7 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст.

Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки ҳамасола зиёда аз 200 нафар шахсони бешуғл дар маркази таълимии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, нафарони бешуғл метавонанд дар муддати ду се моҳ бо ихтисосҳои дузандагӣ, кафшергарӣ, қаннодӣ, атласу адрасбофӣ омода карда мешаванд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, зикр карданд, ки иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.

Сокинони шукргузор ин ҳама дастоварди арзишманди ноҳияи Панҷро аз баракати сулҳу субот, ваҳдати комили миллати тоҷик ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles