2-уми сентябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати огоҳӣ аз вазъи зиндагии мардум, маъракаи ҷамъоварии пахта ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Хатлон сафар намуданд.
Дар ноҳияи Хуросон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён як қатор иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст дар ноҳияи Хуросон 3 муассисаи нави таълимӣ ва ошхонаи замонавӣ дар назди мактаби рақами 20 ба истифода дода шуд, ки минбаъд омӯзгорону хонандагон аз муассисаҳои дорои шароити мусоид самаранок истифода хоҳанд кард.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва мактаби рақами 1 дар маркази ноҳия аз ҷониби гуруҳи татбиқи “Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо сифати баланд сохта шуда, барои 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Мактаби раками 18 ва 1 бо тарҳи ба ҳам монанд сохта шуда, аз ду ошёна, 20 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мактаби рақами 32 дар деҳаи Имоми Аъзами ноҳияи Хуросон бо саҳми сокинон ва соҳибкорони деҳа сохта шуда, аз 11 синфхона иборат мебошад ва барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуданд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, саҳми соҳибкорону сокинон минбаъд чунин муассисаҳои муосири таълимӣ ҳамасола бунёд мегардад ва аз ин шароити хуб хонандагон бояд самаранок истифода намуда, бо аз худ намудани донишҳои замонавӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, зикр карданд, ки иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз барои хонандагону омӯзгорон хизмат намояд.
Инчунин, Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо омӯзгорон махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омузгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Ҳамчунин маорифчиён аз сохтмони чунин муассисаҳои наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 95 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба маблағи зиёда аз 260 миллион сомонӣ барои 17402 ҷойи нишаст ва 8 моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 32 адад иншооти соҳаи маориф бо шумораи 213 адад синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст ба маблағи зиёда аз 60 миллион сомонӣ бунёд, таъмир ва азнавсозӣ шуда, ба хонандагон шароити мусоиди таълим таъмин карда шуд.
Сокинони шукргузор ин ҳама дастоварди арзишманди ноҳияи Хуросонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдати комили миллати тоҷик ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон