ИФТИТОҲИ ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” ДАР ШАҲРИ НОРАК


30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” оғози расмӣ бахшиданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 10 тонна равған буда, маҳсулот дар зарфҳои аз 1 то 5-литра зери тамғаи “Равғани олии Норак”, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешниҳоди бозори истеъмолӣ мегардад.

Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ дар шаҳри Норак беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.

Хатҳои истеҳсолии корхона таҷҳизоти насли нави давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, фаъолияти онҳо бо истифода аз ангишт сурат мегирад.

Ашёи хом, яъне офтобпараст барои коркард ва истеҳсоли ин маводи ғизоӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад ва барои дар шароити хуб нигоҳ доштани он 4 зарфи махсус, ки ҳар яке бо ғунҷоиши то 60 тонна маҳсулот дастрас ва васлу насб гардидааст.

Дар натиҷаи истифодаи ангишт фишори ҳосилшуда хатҳои истеҳсолиро ба кор медарорад.

Барои то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани маҳсулот мутахассисон онро аз чор марҳила гузаронида, дар зарфҳои махсус, ки дар маҷмуъ иқтидори ғунҷоиши то 60 тонна равғанро доранд, дар асоси талаботи муосир захира менамоянд.

Корхонаи нави саноатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва “Солҳои рушди саноат”, солҳои 2022-2024 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак Хуҷамурод Азимов бунёд карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати саҳм гузоштан дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар намуна ва арзандаи дастгирӣ маънидод карда, бунёди корхонаро дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ивазкунандаи воридот омили муҳим арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи равғанбарорӣ, дар ҳамин ҷо бо ҷараёни истеҳсоли собун, ки маҳсулоти дигари ин корхона мебошад, шинос шуданд.

Истеҳсоли собун пас аз коркарди дубораи партовҳои корхонаи равғанбарорӣ бо истифода аз хатҳои нави технологӣ сурат мегирад.

Дар шаҳри Норак дар заминаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши хусусӣ бо истифода аз имконот ва иқтидорҳои фарохи мавҷуда ҳамасола корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки дар онҳо шаҳрвандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Имрӯз дар шаҳри Норак беш аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо асосан истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иқтидорҳои нави саноатӣ дар шаҳри Норак ба масъулони соҳа барои дастгирӣ аз ин гуна иқдомҳои созанда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса саноатикунонии босуръати кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

https://president.tj/event/news/47043

Related Articles