Чорабинии фарҳангии ҳайати меҳмонони Қазоқистон дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони маҳаллӣ баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ ҳайати меҳмонони Қазоқистон намоишҳои фарҳангӣ, барномаҳои мусиқӣ, ва дигар фаъолиятҳои ҳунариро, ки анъанаҳои миллии қазоқиро инъикос мекунанд, ба намоиш гузоштанд. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, мубодилаи таҷрибаҳо дар соҳаи ҳунар ва таърихи ду миллат, инчунин, таҳкими робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Чорабинӣ бо суханрониҳои муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода оғоз ёфт ва дар он таъкид гардид, ки чунин ташаббусҳо барои рушди муносиботи фарҳангӣ ва дипломатӣ миёни кишварҳо нақши муҳим доранд.
Барномаҳои мусиқӣ ва рақсҳои анъанавии қазоқӣ, ки дар ин чорабинӣ пешкаш шуданд, ба тамошобинон фароғат ва шодмонии зиёд бахшиданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд ва ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.