НОҲИЯИ ВОСЕЪ: МАЙДОНИ ФАРОХИ СОЗАНДАГӢ


Дар сафари нахустин ноҳияи Восеъро майдони фарохи сохтмону иншоот дарёфтем. Марказҳои таъ­иноташон гуногуни хуштарҳи замонавӣ, сохтмони биноҳои баландошёна, хиёбону кӯчаҳои гулпӯшу роҳҳои тахту ҳамвор, аз он шаҳодат медиҳанд, ки мардуми меҳнатқарини ин гӯшаи диёр ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ мебинанд. МИҲД-и ноҳияи Восеъ ба хотири баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва зеботару ободтар намудани ҳудуди ноҳия, ки аз шумори калонтарин маркази маъмурӣ дар вилояти Хатлон аст, 408 иншооти ҷашниро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 220-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Иншооти ба нақша гирифташуда асосан дар самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасониву савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.

Нақш ва аҳамияти соҳаи саноатро дар рушди иқтисодиёти миллӣ муҳим шумурда, бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия то имрӯз зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд. Корхонаҳои мевахушккунӣ, қаннодию нонӣ, аллакай бо фароҳам омадани ҷойи кору маоши муносиб дар хизмати мардуми ноҳияанд. Имрӯзҳо бинокорон машғули бунёди заводи хишт, корхонаҳои сангмайдакунию бетонбарорӣ ва истеҳсоли қанд мебошанд, ки умед аст, онҳо ҳам то охири сол мавриди истифода қарор мегиранд, – иброз намуд дар суҳбат мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Рустам Ҳусейнов.

Сохтмони нахустин бинои истиқоматии баланд­ошёна дар маркази ноҳия бароямон ҷолиби таваҷҷуҳ буд. Бинокорони маҳаллӣ бо сарпарастии ҶДММ «Баракат» бо мароми созанда сар аз соли 2023 талош доранд, сохтмони биноро бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расонанд.

Ғайр аз бунёди биноҳои маъмуриву маишӣ, масъулину фаъолони ноҳия дар самти рушди сайёҳӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, як қатор барномаҳоро амалӣ намудаанд.

Соҳибкорони саховатпеша мавзеъҳои истироҳату фароғатиро бо унсурҳои меъмориву тарроҳии миллӣ ташкил намуданд. Меҳмонхонаи бошукӯҳу замонавии «Сайёҳон» ва мавзеи таърихии овозадори «Ҳавзи Қайнар» аз шумори онҳост, ки кас аз диданаш ҳаловат мебарад.

Дар оғӯши табиати нотакрори «Ҳавзи Қайнар», худро дар биҳиште дарёфтем, ки новобаста аз гармои тобистон, ҳавои руҳбахшу форам дорад. Кӯли зебои пур аз оби мусаффо, мурғакони нағмасаро, дарахтони сарсабзу хуррам, гулҳои рангоранги зебо, нишастгоҳҳои барҳаво, найистони фараҳбахши атрофи кӯл, ҳайкалчаҳои рамзӣ бо ҳама нозанинии тасвирнашаванда боварҳоро дар бораи биҳиштосо будани табиати Тоҷикистони азиз яқин мегардонад.

Чанд даҳсола пеш ин макон харобазорро мемонд. Бо ҳиммати мардони саховатманди ноҳия ба як гӯшаи зебову диданӣ табдил ёфт. 11 нафар сокини маҳаллӣ барои зебову озода нигоҳ доштани ин мавзеи сайёҳӣ ба кор ҷалб шудааст. Вуруд ба боғ ройгон буда, шомгоҳони ин ҷо тамошобобу назаррабо ва сермеҳмон аст, – бо ифтихор мегӯяд роҳбари ин мавзеи таърихӣ Мисқолбӣ Саидова.

Тибқи ривоёти сарчашмаҳо, мавзеи кӯли Қайнар таърихи бою рангини ҳазорсола дошта, имрӯз ҳам барои мардуми деҳ нафърасон аст. Аз чашмаи Нозкӯл, ки манбаи асосии оби кӯл аст, дар поёноб қариб 400 хоҷагӣ аз он истифода мебарад. 13 гектар замине, ки тобеи ин боғи хуррам аст, аз оби кӯл обёрӣ мешавад.

Сафари мо дар ин ноҳияи пур аз мавзеъҳои таърихӣ бо хотироти ҷолибу таассуроти ширин дар қалъаи Ҳулбук, ки яке аз машҳуртарин ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди кишвар буда, дар масофаи 7 километр дуртар аз самти шимолу ғарбии маркази ноҳияи Восеъ ҷойгир аст, ба анҷом расид. «Осорхонаи Ҳулбук»-ро, ки дар заминаи маҷмааи «Қалъаи Ҳулбук» таъсис ёфтааст, бо чанде аз сайёҳони хориҷӣ аз кишвари Британияи Кабир тамошо кардем.

Меҳмонон ба таърихи шаҳрсозии Ҳулбук, ки чандин аср пеш аз системаҳои ҳозиразамони коммуникатсиониву гармидиҳии зерифаршӣ, коркарди оби барфу борон ва обҳои истифодашуда ва меъмориву муҳандисии хуштарҳ баҳои баланд дода, аз ин ҳама маданияти тараққикарда дар асрҳои пеш ангушти ҳайрат мегазиданд.

Тамошои қалъаи Ҳулбукро, ки дар давраи мавҷудияташ ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хатлон буд ва имрӯзҳо корҳои таъмир дар ҳудуди он идома доранд, ба ҳар бинанда таассуроти нек мегузошт.

Аз пайкараи пуршукӯҳи марди ҷонфидои халқи тоҷик, Восеи қаҳрамон, ки ҳамчун намоди шуҷоату мардонагӣ ва заҳматписандиву созандагии мардуми ин гӯшаи диёр дар маркази ноҳия, дар оғӯши дарахтони ҳамешасабзу гулҳои тароватбахш қомат афрохтааст, дуои сафар гирифта, дуруд хондем ба руҳи устувору бовиқору созандаи мардуми ноҳияи Восеъ.

“Бонувони Тоҷикистон”

Related Articles