ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №14 АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТ


Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид рӯзи 9 август дар деҳаи “Иттифоқ”-и ноҳияи Фархор бинои иловагии МТМУ №14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.

Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбики Лоиҳаи Сохтмон ва муҷаҳазгардониии мактабҳо» буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» мебошад.

Сохтмони муассисаи номбурда соли 2023 оғоз шуда, маблағи харҷномавии иншоот 463 ҳазору 804 доллари амрикоиро ташкил дода, маблағгузор Бонки Саудии Рушд аст.

Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум кабинети физика, биография, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва 1 адад синфхона буда, дар ошёнаи дуюм утоқи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омузгорон ва 4 адад синфхона ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди бинои нав барои муассисса ҳоҷатхона ва анбор барои гармидиҳии бинои нав аз тарафи пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» сохта шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ барои майдончаи варзишӣ идома дорад.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо омӯзгорон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.

– Чунин шароити хуб хонандагонро вазифадор менамояд, ки таҳсилро хуб идома дода, забонҳои хориҷиро омӯзанд. Инчунин, омӯзгорон бояд насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, илмомӯзӣ ва инсондӯстӣ тарбият намоянд, – афзуд раиси вилоят.

Бояд зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли 2024 дар маҷмуъ 32 иншооти иборат аз 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст (дар ду баст 10650) мавриди истифода қарор дода шуданд.

Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 165 адад иншоотҳои соҳаи маориф, ки аз 1137 адад синфхона иборат буда, 28425 ҷойи нишастро дар 1 баст (дар 2 баст 56850 ҷойи нишаст) фаро мегиранд, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles