Бо мақсади расонидани муҳтавои дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид вохӯрии муовини раиси вилоят Абдусаломзода Анзурат бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногун дар ҷамоати деҳоти Якатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ муовини раиси вилоят роҷеъ ба таълиму тарбияи фарзандон, соҳибкасб кардани онҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тарбияи фарзандонро дар баробари ниҳодҳои масъул вазифаи муқаддаси волидайн маънидод намуд.
Гуфта шуд, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифаи ҳуқуқӣ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузорем, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем. Зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.
Дар вохӯрӣ оид ба худкушию худсузӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, назорати гаштугузори кӯдакону наврасон, тарғибу ташфиқи сарфаю сариштакорӣ, пешгирии исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар аёми иду маросимҳо, таълимоти ғайрирасмии динии шаҳрвандон, воридшавии ноболиғон ба иттиҳодияҳои динӣ сухан рафт.
Вобаста ба масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ, риояи фарҳанги либоспушӣ ва истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯёнидани ҳосили фаровон аз саҳро ва оқилона истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷараён бахшидани корҳои ободониву тозакорӣ ва сабзкорӣ сухан рафта, таъкид гардид, ки ба хароҷоти бемаврид, тақлидкорӣ роҳ надода, барои захираи маҳсулоти ғизоии дусола, ки айни замон мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ аст, омодагии ҷиддӣ гирифта шавад.
Суҳбати ошкоро ва самимии масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва сокинони ноҳия атрофи масъалаҳои мубрам ҷараён гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон