Имрӯз, 9 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид пас аз баргузории нишасти матбуотӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд ва бо фаъолияти беморхонаҳо шинос шуданд.
Раиси вилоят аз беморхонаҳо дидан намуда, аз шароити хизматрасонии тиббӣ огоҳ гардиданд ва ба масъулин баҳри ҳалли мушкилоти соҳа дастуру супоришҳо доданд.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки пеш аз ҳама таҷҳизоти муосири тиббиро таъмин намоянд‚ то сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба сокинон беҳтар гардад.
Инчунин бо мудирони шуъбаҳои беморхонаҳо суҳбат ороста, дастур доданд, ки ба мардум хизмати босифату софдилона расонанд. Гуфта шуд‚ ки табибон пайваста ғамхори мардуманд ва мебояд дар муносибат бо беморон доимо рисолати касбии хешро адо намоянд‚ чунки аксари сокинони ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба беморхонаҳои шаҳр барои табобат муроҷиат мекунанд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят оид ба корҳои сабзу хуррамгардонии дохили беморхонаҳо изҳори назар карда, таъкид намуданд‚ ки дар шинонидани гулу гулбуттаҳо, дарахтони сояафкан корҳо вусъат дода шавад.
Таъкид шуд, ки аз кӯчактарин имконият истифода бурда, дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии муҳити атроф ҳиссагузор бошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон