ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


Шоми имрӯз, 9 август, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба 10 август – Рӯзи варзишгарон бо иштироки муовинони раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардорони раёсатҳо, мудирони бахшу шуъбаҳо ва дигар ҳайати ҳамроҳ доир гардид.

Нахуст, меҳмонон аз дастовардҳои варзишии вилоят дидан намуда, натиҷаҳои бадастовардаи варзишгаронро боиси таҳсину офарин хонданд.

Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода суханронӣ намуда, тамоми варзишгарони вилоят ва кишварро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид табрику таҳният гуфт.

– Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар даврае рост омадааст, ки парчамбардорони кишвар дар баробари варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи 33-юми Олимпиадаи Париж-2024, аз намудҳои гӯштини ҷудо,тарзи озод, бокс, варзиши сабук, таэквандо, шиноварӣ иштирок карда, бо майдондории худ ва ба даст овардани се медали биринҷӣ Парчами кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд, – изҳор дошт А. Абдусаломзода

Мавсуф изҳор дошт, ки ду медали биринҷӣ, аз қаҳрамонони бозиҳои Олимпӣ-2024, ҷудокорон Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва 1 медали биринҷӣ аз риштаи бокс Давлат Болтаев ба хазинаи медалҳои кишвар зам гардид, ки ин ифтихори тамоми мардуми сарбаланду паҳлавонпарвари меҳан мебошад.

Бояд изҳор дошт, ки дар вилояти Хатлон ҷиҳати фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳоло 4127 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 37 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3196 майдончаи варзишӣ, 574 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 Маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои тамрини наврасону ҷавонон ва дигар табақаи ҷомеа дар вилоят ба истиқболи ҷашни шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 261 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод, 61-тои он мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳо идома доранд.

Маҳз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ва тадбирҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст, ки имрӯз варзишгарон дар чунин шароити созгор машқу тамрин намуда, натиҷаҳои назаррас нишонд додаанд. Маврид ба ёдоварист, ки варзишгарони вилоят дар 6 моҳи аввали соли 2024 ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар беш аз 95 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуданд, ки дар натиҷа, сазовори 522 медали тилло, 441 медали нуқра, 536 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1499 медал, аз 19 мусобиқаи байналмилалӣ 18 медали тилло, 17 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Бояд изҳор дошт, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон мусобиқаи варзишии Ҷоми раиси вилояти Хатлон доир гардида, имрӯз ғолибон муайян шуданд ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир, чорабинии фарҳангӣ ба хотири болидаруҳии меҳмонон пешкаш гардонида шуд.

«Хатлон»

Related Articles