ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИСТИФОДАБАРИИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ БА НОМИ “МУХТОРХОН”


Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо истифодабарии самараноки замин дар хоҷагии деҳқонии ба номи “Мухторхон” шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони хоҷагии деҳқонии “Мухторхон” аз 12 гектару 31 сотих иборат буда, дар он ғаладонагиҳо 1 гектару 89 сотих, полезиҳо 0,35 сотих, зироатҳои техникӣ, чормағзаки заминӣ, картошка, офобпараст кишт карда шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонӣ дар майдони 8 гектару 55 сотих пахта кишт карда шудааст ва то ин замон бештари ҳосили баҳорӣ бо ҳосилнокии баланд ҷамъоварӣ карда шудааст. Нашъу намои пахта дар ҳолати хуб буда, хоҷагидорон боварӣ доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд.

Хоҷагидорон дар майдонҳои холимонда баъд аз ҷамъоварии ҳосили баҳорӣ, кишти такрорӣ, аз ҷумла шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва дигар ғаладонагиҳо гузаронидаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо нашъунамои зироатҳо масъулинро вазифадор намуданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят дар соли равон иброз дошта буданд, вилояти Хатлон ҳамчун калонтарин вилояти кишвар дорои имконоте мебошад, ки барои таъмини озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ ва андешидани тадбирҳои самарабахш ва самаранок истифода бурдани замин ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба 12 млрд. 997 млн. 998,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 110 фоиз, аз ҷумла дар бахши растанипарварӣ 10 млрд. 453 млн. сомонӣ (110 %) ва дар бахши чорводорӣ 2 млрд. 545 млн. сомониро (107,2%) ташкил медиҳад. Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят нисбат ба соли 2023 ба 110 фоиз расидааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles