ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН

Муҳтарам варзишгарон!
Ҳамдиёрони арҷманд!

Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар даврае рост омадааст, ки парчамбардорони кишвар дар баробари варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи XXXIII-юми Олимпиадаи Париж -2024, аз намудҳои гӯштини ҷудо, тарзи озод, бокс, варзиши сабук, таеквандо, шиноварӣ иштирок карда, бо майдондории худ ва ба даст овардани се медали биринҷӣ Парчами кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.

Ду медали биринҷӣ, аз қаҳрамонони бозиҳои Олимпӣ-2024, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков ва 1 адад медали биринҷӣ аз риштаи бокс Давлат Болтаев ба хазинаи медалҳои кишвар зам гардид, ки ин ифтихори тамоми мардуми сарбаланду паҳлавонпарвари меҳан мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки бо ҳифзу тақвияти риштаҳои гуногуни варзиш ва ғамхорию дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар соҳиби эътибори хоса гардида, мунтазам рушд меёбад.

Амалишавии иқдомҳои шоиставу сатҳи байналмилалӣ дар кишвар дар ин самт бори дигар мавқеи Тоҷикистонро устувор намуда, ташаббусу пешниҳодҳои беназири он ҳамеша дастгирӣ меёбад. Эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи футбол бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва пуштибонӣ ёфтани он аз ҷониби Созмони Милали Мутаҳид гувоҳи гуфтаҳои боло буда, ин иқдоми шоиста ҷиҳати рушди футбол, оммавияти варзиш ва дастгирии варзишгарон ба маврид ва саривақтӣ мебошад.

Дар шароити имрӯза Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишро ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи аҳолӣ бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисмониву заковати солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.

Ин соҳа василаи асосии таҳкимбахши дӯстию рафоқат, тарзи ҳаёти солим ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ дошта, ҳамчун омили рушди солимии инсон доимо хизмат менамояд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии доимии Роҳбарияти Олии кишвар ҳамчун ҳомиёни ояндабахш қарор доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳони маҳсуб мешавад”.

Дастоварду комёбӣ ва пешрафту нумӯи соҳаро метавон аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат маънидод намуд, ки дар заминаи он варзишгарон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона намуда, ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гардида истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии сокинон таъмин намуда истодааст.

Дар ҳудуди вилоят бомақсади фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ айни замон 4127 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора 37 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3196 майдончаи варзишӣ, 574 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити муносиб барои машқварзии наврасону ҷавонон ва дигар табақаи ҷомеа дар вилоят ба истиқболи ҷашни шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 261 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод, 61 адади он мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳо идома доранд.

Таъмини чунин шароити созгор аст, ки варзишгарони вилоят дар 6 моҳи аввали соли 2024 ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар беш аз 95 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 522 медали тилло, 441 медали нуқра, 536 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 1499 медал, аз 19 мусобиқаҳои байналмилалӣ 18 медали тилло, 17 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки 540 адади он тилло, 548 адад нуқра, 573 адад биринҷӣ, ҳамагӣ 1571 медал, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 344 медал зиёд мебошад.

Мо ҳамеша барои варзишгарон шароити созгорро фароҳам меоварем, то ки Парчами давлатро дар сатҳи байналмилалӣ парафшон намуда, барои ҳазорон ҷавонони дигар намунаи ибрату пайравӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд.

Вазъи зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир ва бархӯрди тамаддунҳо моро водор месозад, ки барои солимии ҷомеа ҷиҳати рушду инкишофи самтҳои гуногуни варзиш, бахусус ҷалби бештари сокинони вилоят ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, наврасону ҷавононро бештар дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ тарбия намоем.

Боварӣ дорам, ки варзишгарони вилоят бо таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои нави варзишӣ равона месозанд.

Бо чунин ниятҳои нек, ба ҳар як сокини вилоят, ҳамчунин варзишгарони босаодат барору комёбӣ таманно намуда, ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ, амнияти комил ва ба мардуми сарзамини аҷдодӣ саломатии бардавомро хоҳонам.

Рӯзи варзишгарон муборак!

Related Articles