ХАБАРҲОИ МУҲИМ

ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ


Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 11 июл, дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар корӣ ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ муовини яукуми раиси вилоят, муовинон, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, қисман сардорони раёсат ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони шарикони рушд, сектори бахши хусусӣ, иқтисодӣ, соҳибкорону сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ иброз доштанд, ки чорабинии имрӯза идомаи мулоқотҳои ҳамешагӣ буда, имконият фароҳам меоварад, ки ҳамкорию музокироти байни мақомоти вилоятӣ, бахши хусусӣ, сармоягузорони эҳтимолӣ ва шарикони рушд боз ҳам тахким ёбад ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилию монеаҳо дар пешбурди тиҷорат мубодилаи озоди афкор сурат гирад.

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии таъсиси Шӯро дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ва баланд бардоштани имиҷи вилоят ба сифати минтақаи имкониятҳо барои сармоягузорӣ ва пешбурди тиҷорат иборат мебошад.

Дар Шӯро панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт: “Ҳисобот аз натиҷаи иҷрои қарори ҷаласаи қаблии Шӯрои назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ”, “Рафти Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 ва агробизнес дар вилояти Хатлон”, “Татбиқи Барномаи рушди содирот барои солҳои 2021-2025 дар вилояти Хатлон”, “Ҳисобот оид ба рушди соҳибкорӣ миёни занон ва ҷавонон дар вилояти Хатлон” ва “Омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест – 2024””.

Аз рӯйи масъалаи якум Усмонзода Исфандиёр, котиби Шӯро, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ дар вилоят, масъалаи дуюм Мирзозода Музаффар, муовини якуми раиси вилоят, масъалаи сеюм Раҳимзода Баҳодур, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи чорум Абдусаломзода Анзурат, муовини раиси вилоят суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ҳамеша дар мадди назари Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Инчунин, дар қисати муҳокимарониҳо вобаста ба масъалаҳои баррасишуда роҳбари ҶДММ “Агроолам” – Абдушукур Маҳмаҷонов, роҳбари ҶДММ “Сулаймон” – Сулаймон Шафиев, роҳбари ҶСП “Аввалин” – Гадоев Манучеҳр, роҳбари ҶДММ “ТоҷикАзот” – Шарипов Умед ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид а масъалаи панҷум – “Омодагӣ ба баргузор намудани Форуми сармоягузории «Хатлон Инвест – 2024» иброз доштанд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав, мубодилаи таҷрибаи идоракунӣ, бунёди инфрасохтори муосир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар доираи ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” моҳи октябри соли 2024 дар вилоят баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест – 2024” ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки Форум ба ҳайси платформаи муҳим имкон хоҳад дод, ки соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ бо бастани шартномаю созишномаҳои ҳамкорӣ ва бо ҷалби сармоя, инчунин воридоти технологияҳои муосири истеҳсолӣ дар рушди устувори вилоят саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар ноҳияи Данғара Маркази рушди малакаҳои касбӣ бунёд гардид, ки омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла “Мутахассиси коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили забонҳои англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Солҳои охир дар вилояти Хатлон ҷиҳати рушди иқтидори содиротӣ тадбирҳои фаъолона андешида мешавад. Чорабиниҳо аз қабили форуми «Бохтар Фуд» дар ин самт бешубҳа нақши муҳимро мебозад.

Ҳамзамон, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, истифодаи шаклу усулҳои наву муосир дар ташкил ва баргузории форум, воридкунандагони маҳсулоти ватанӣ аз кишварҳои хориҷӣ, тарғибу ташвиқи васеи маҳсулоти ватанӣ ва дигар чораҳо муҳим мебошад.

Дар охир раиси вилоят Давлатлӣ Саид вобаста ба баргузории ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори назар намуда, ба роҳбарони ташиклоту муассисаҳои вилоят, аъзоён ва котиботи Шӯро тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles