МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО ВАН ХАО

Имрӯз, 11 июл, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Ван Хао, директори генералии корпоратсияи хитойии Датанг дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуданд.

Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд дорад.

Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат мекунанд, манфиатдорем.

– Мо, ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонам, – афзуд раиси вилоят.

Ван Хао, директори генералии корпоратсияи чинии Датанг дар Осиёи Марказӣ зимни мулоқот гуфт, ки корпоратсияи “China Datang”, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, ҳоло ба яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин табдил ёфта, ширкат дар 31 музофоти Чин ва беш аз 10 кишвар ва минтақаҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Мянма, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Узбекистон ва Сингапур фаъолият мекунад.

– Мо ният дорем, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис бидиҳем. Бояд зикр намуд, ки Корпоратсияи хитойии Datang 14 сол паиҳам ба феҳристи Fortune Globa l 500 шомил шудааст, ки ин аз натиҷаи кори хуби мо шаҳодат медиҳад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз пешниҳоди таъсиси корхона ҷонибдорӣ намуда, зикр намуданд, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат хоҳем кард.

Инчунин Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон таъкид карданд, ки муносибатҳои кишвари мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳоли рушд аст ва баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамкорӣ хоҳем кард.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles