Имрӯз, 29 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба таъмини оби нӯшокӣ, камбуди роҳҳои байни деҳаҳо, расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кӯмак барои ҷарроҳӣ, расонидани ёрии моддӣ барои маъюбон ва ғайра дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон мулоқот анҷом доданд.
Раиси вилоят аз мушкилоти ноҳия ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуданд, ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.
– Агар ҳар қадар ки бо мардум наздик бошед ва мушкилоти онҳоро саривақт ҳаллу баррасӣ намоед, ҳамон қадар мардум шуморо дастгирӣ мекунад. Вазифаи ҳар яки мо хизмат ба мардум аст, инро фаромӯш набояд кард, – афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон