БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ


Имрӯз, 28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Шамсов Қудрат дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати он 0,20 гектарро ташкил дода, дар қитъаи замин дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла себ, нок, зардолу, гелос ба миқдори 100 бех мавҷуд мебошад. Дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар майдони 0,10 га картошта, 0,5 га помидор, бодиринг ва каду кишт карда шудааст. Инчунин дар хоҷагии ёрирасонаш як сар чорвои калони шохдори зоти сиёҳалоро парвариш намуда, хоҷагиашро пурра бо маҳсулоти ширӣ таъмин менамояд.

Раиси вилоят таҷриба ва самаранок истифодабарии замини наздиҳавлигии шаҳрванд ситоиш карда, таъкид намуданд, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles