Имрӯз, 28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои ҳаммоми ҷамъиятиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Бинои ҳаммоми ҷамъиятӣ иборат аз ду ошёна буда, сохтмони он соли 2022 оғоз ёфта, айни замон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Ҳаммом, ки дорои шароити муосири хизматароснӣ мебошад ва имкон дорад, дар як вақт 20 нафарро қабул намояд. Айни замон корҳои ободонии гирду атрофи бино, сангфаршкунии назди бино ба анҷом расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки маблағи сохтмон тибқи лоиҳа 511 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷомиев Ҷаҳонгир маблағгузорӣ шудааст. Дар ҳамоми ҷамъиятӣ 3 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии ин ватан ба соҳибкор изҳори миннатдорӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 2809 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст, ки самараи пойдории ваҳдату сарҷаъмӣ ва тинҷиву оромӣ дар кишвар аст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон