ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА НАТИҶАГИРИИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ ВА ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ


Имрӯз, 13 июн, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид – раиси вилоят ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилоят, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, раисон ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», аз 5 марти соли 2024, №791 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” қабул гардида, дар асоси фармони мазкур аз 7 марти соли 2024, №63 қарори раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расида, вобаста ба таъмини нақшаи даъвати баҳорӣ чораҳои дахлдор андешида шуда, нақшаи даъват дар муҳлати пешбинишуда иҷро гардид.

Дар иҷлосия масъалаи натиҷагирии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи маскур комиссари ҳарбии вилоят генерал – майор Амонуллозода Аминҷон Амонулло ҳисобот дода, афзуд, ки ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон ва Муъминобод дар давраи омодагӣ ба даъват тайёрии хуб дида, нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро карданд.

Раиси вилояти Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки пешгирии содиршавии ҷиноят ва роҳ додан ба камбудиҳоро зери назорати қатъӣ қарор дода, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар ба роҳ монда шавад ва вобаста ба даъвати тирамоҳии соли равон аз ҳозир чораандешӣ карда, барои босифат иҷро гардидани нақшаи даъват тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Ҳамчунин раиси вилоят оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, истифодаи замин ва ҳолати мелиоративӣ, саноат, энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, иттилоот, илм ва маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, танзим ва дин ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат вазифагузорӣ намуданд.

Дар қисмати тантанавӣ раисони комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳое, ки дар рӯзҳои аввал нақшаи даъватро таъмин намуданд, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъулин, ки ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд ва ҳамзамон роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди вилоятро, ки дар иҷрои нақшаи даъват саҳми худро гузоштаанд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles